зи дарду доғ , дили тираи дида вар гардад

Замини сӯхтаи равшан ба як шарар гардад

Чунон ки мешавад оташи баланд аз доман

зи номаи шавқи мулоқот бештар гардад

Буд ҳаловати ушшоқ дар гирифторӣ

зи банд , ҳавсилаи неи пар аз шукр гардад

Шавад зи ҳолаи камарбастаи ҳасани моҳи тамом

зи тавқи фохтагони сарви дида вар гардад

Хати мусалламӣ офатаст гумномӣ

Сиёҳи рӯзи ақиқӣ ки номвар гардад

зи дасти домани оворагеи мадаи зинҳор

Ки танги домани саҳрои з роҳбар гардад

Ғариб нест шавад машк , ашки хунинаш

зи даври хати ту ҳар дидае ки баргардад

Ба зери пой касе каз сари ҷаҳони хезад

Фалак чу сабзаи хобидаи пай сипар гардад

Ҳузури соФдлони занг май барад аз дил

Ки об , сабз маҳоласт дар гуҳар гардад

Арақ ба доманам аз чеҳра пок хоҳад кард

зи иштиёқам агар ёр бохабар гардад

Макун ба рехтани хӯни зи чашмтар имсок

Ки хӯни мурдаи дилони харҷ нештар гардад

Дилами зи чини ҷабинаш чу бед ме ларзад

Сафинаи музтариб аз муваҷҷаҳ хатар гардад

Шавад гшодгиши қуфли бастагии соиб

з ҳар дарӣ ки гадои ноумеди баргардад