Ту саъй кун ки дилати сода аз рақам гардад

Ки дил чу пок шуд аз нақш , ҷом ҷам гардад

Қазо чу теғи براردи кушода абрӯ бош

Ки ин силаҳи зи чини ҷабини ду дам гардад

Қадами зи доираи ихтиёри берун на

Ки роҳи каъбаи мақсӯди як қадам гардад

Назар сиёҳ насозад ба малик ҳар ду ҷаҳон

зи дарду доғи ту ҳар дил ки муҳташам гардад

Гарон буд ба назарҳо чу ҳалқа дар марг

зи бори миннати эҳсони қадӣ ки хам гардад

Ба талху шӯр чу замзам касе ки қонеъ шуд

Чу каъба дар назари халқ муҳтарам гардад

зи ҳади хеши буруни ҳарки пой нагузорад

Кабӯтарӣаст ки пайваста дар ҳарам гардад

Ба нақш кам зи бисоти ҷаҳон қаноат кун

Ки нақш кам чу шавад чашми шӯр кам гардад

Чу ме тавон ба хушии нақди вақтро гузаронад

Равои мадор ки ин хурдаи харҷ ғам гардад