Гули изори ту беоб ва тоб ме гардад
Саводи зулфи ту мавҷ сароб ме гардад
Табассуми ту ба ин чошнӣ нахоҳад монад
Шароби лаъли ту по дар рикоб ме гардад
Маро аз он лаб мегаван ба бӯса Эй дарёб
Ки дам ба дами мазаи ин шароб ме гардад
Ба ҷустуҷӯии лабати оби Хизри гирди ҷаҳон
Аннани гусаста чу мавҷ сароб ме гардад
Дарин муҳӣт ки теғи бараҳна муваҷҷаҳ ӯст
Ғурури пардаи чашм ҳубоб ме гардад
Фиғон ки шабнам бе обрӯи дарин гулшан
Миёнаи гулу булбул ҳиҷоб ме гардад
зи ваъдааш дили пуризтироб таскин ёфт
Ақиқ дар даҳани ташна об ме гардад
Ба зулфи чашм батонро тавваҷуҳ дигараст
Ки фитнаи гирди сар инқилоб ме гардад
Ба санги нохун ҳар ташнаи лаб ки ме ояд
Даҳони обилаи мо пуроб ме гардад
Турои зи дағдаға нон накард фориғи бол
На Асия ки ба чандин шитоб ме гардад
Тапидани дили ушшоқ ихтиёрӣ нест
Ба тозӣонаи оташ кабоб ме гардад
зи ашки ман ҷигари баҳри он чунон шуд гарм
Ки дар даҳони садафи гавҳар об ме гардад
Ба боли коғазии ақл май пурми соиб
Дар он чаман ки самандар кабоб ме гардад
Чаҳ фикрҳои латифаст ин дигар соиб
Ки гули зи шарми ту дар ғунча об ме гардад