Ба дидаи об агар аз офтоб ме гардад

Дил аз назора рӯй ту об ме гардад

Меӣ ки чашми ту зон косаи коса май нӯшад

Ба як пиёлаи сар офтоб ме гардад

Ту чун ба ҷилваи даройӣ , зи шармсории сарв

зи тавқи фохтаи по дар рикоб ме гардад

Ба ғайри бӯса , ки аз сргзштгони дигар

Ҳарифи он лаб ҳозрҷўоб мегардад ?

Бароваранд ба рӯйиш дар биҳишт ба гул

Миёни мо ва ту ҳаркас ҳиҷоб ме гардад

з хат нашуд дили сахти ту меҳрбон , варна

Ба чашми оинаи зини дӯд об ме гардад

Машав зи субҳи биногваши нўхтони ғофил

Ки ҳар дуо ки кунӣ мустаҷоб ме гардад

Сапанди ғайрати ман пой мекунад қоим

Дар оташӣ ки самандар кабоб ме гардад

Маро ба об расад хонаи шикебу қарор

зи дарди дидаи ҳаркас пуроб ме гардад

Фиреби неъмати алвон чаро хӯрам соиб ?

Маро ки хӯн ба ҷигари машк ноб ме гардад