зи бодаи чашми ту золим раҳим ме гардад

Агар бахил ба мастӣ Карим ме гардад

Ба ҷаду ҷаҳд агар гург гӯсфанд шавад

Шарири ҳам ба риёзат салим ме гардад

зи биксӣ ба дили софи ман ғуборӣ нест

Гуҳар азиз шавад чун ятем ме гардад

Сапанд реша давонед дар дили оташ

Чаҳ вақти ахтари мо мустақӣм мегардад ?

Дар он риёзи ғминм ки ғунчаи пайкон

Шукуфта аз дами сард насим ме гардад

Дил аз гушӯдан лаб мешавад тиҳӣ аз дард

зи рахнаи малик агар мустақӣм ме гардад

Ба чашм кам мангар дар гуноҳи андаки хеш

Ки ҳарчӣ хиради шуморӣ азим ме гардад

Мада ба хилвати дили роҳи хандаро соиб

Ки пистаро дили азин раҳ дунем ме гардад