Малол дар дил бемуддао наме гардад
зи гирд , оби гуҳар бесафо наме гардад
Ҳишаҳи аввал вақтаст ҳақ прессатон ро
Намози вақти шиносон қазо наме гардад
Касе ки сар ба таҳи бол хештан дуздед
Раҳин миннати бол ҳумо наме гардад
Набаст теғи шаҳодати даҳони захми маро
Ки ташнаи сайри зи об бақо наме гардад
Агарчӣ лангари парвоз чашм гардад коҳ
Ҳарифи ҷозиба каҳрабо наме гардад
Ба дигарон чаҳ хаёласт ошно гардад
Рамидае ки ба худ ошно наме гардад
Чу чӯби хушки сазовор сӯхтан бошад
Қадӣ ки баҳри ибодат дўто наме гардад
Бараҳна гӯ нашавад мунфаили зи пардаи дарӣ
Ба чашми оинаи об аз ҳаё наме гардад
Сухан чу нест баҷо , гуфтанаш буд осон
Ки ҳеҷ тири ҳавоӣ хато наме гардад
Дилӣ ки роҳ ба он зулф май баради соиб
Ба ҳеҷ силсилае ошно наме гардад