Дили рамидаи малул аз сафар наме гардад

Фитод ҳарки ба ин роҳ барнаме гардад

Шудааст хушки чунон чашми ман з бе дардӣ

Ки аз назораи хуршед тар наме гардад

Машав ба сангдилии ғаррае камони абрӯ

Ки тири оҳи ман аз санг барнаме гардад

Дил аз ақиқи лаб ӯ чигуна бурдорам ?

Ки ташнаи сайри зи об гуҳар наме гардад

Замини содаи дилиҳост сахти домангир

зи обгинаи ман нақш бар наме гардад

намешаванд бузургони зи поси худ ғофил

Ки теғи кӯҳи ҷудо аз камар наме гардад

Сароби ташнаи лабонро намекунад сероб

Ки ҳирси ҷоҳ кам аз сим ва зар наме гардад

зи зӯри об шиновар намешавад оҷиз

зи бодаи соқии мо бехабар наме гардад

Ба ғайри хӯни ҷигари бодае дарин даврон

Насиби соиби хунин ҷигар наме гардад