Касе ки бо ту нашуд ошно киро дорад ?

Туро касе ки надорад чаҳ ошно дорад ?

Фиғон ки тоҷи сари ман шудааст ҳамчуи ҳубоб

Тааюнӣ ки зи дарёи маро ҷудо дорад

Ба ростии зи фалаки пеш метавон афтод

з нил мегузарад ҳаркии ин Асо дорад

зи худ бурун шударо нақш по наме бошад

Абаси сар аз паии мо ақл норасо дорад

Ба хӯн тапидан ман дўрбоши ишқ бас аст

зи печу тоби ман ин ганҷ аждаҳо дорад

Ҳузури сояи диўрои хеш ҳаркас ёфт

Ҳазари зи сояи болу пар ҳумо дорад

Сафинае ки ба дарёӣ бикнор афтод

Чаҳ эҳтиёҷ ба тадбир нохудо дорад ?

Тараҳҳумаст дарин бӯстон бар он тоўс

Ки чашми бади зи пару бол дар қафо дорад

Шудааст хоб ба махмали ҳаром аз ғайрат

зи нақшҳои Муродӣ ки бӯрё дорад

з хӯрдани дил мо нест ишқро сирӣ

Ки бештари зи даҳани теғ иштиҳо дорад

Чаро чу зулф науфтам ба пой ӯ соиб ?

Маро ки лиззати афтодагӣ бпо дорад