з рӯй оташинаши ҳайратӣ рӯ дод оташ ро

Ки чандини уқда дар кор аз сапанд афтод оташ ро

Маро дар водӣӣ меҷӯшад аз дили уқдаи мушкил

Ки натавонади гиреҳ аз дил гушӯдани боди оташ ро

Надорад ишқи ъолмсўзи пурвои сиришки мо

намесозад хамӯш аз оби худ фӯлоди оташ ро

Макун бо нотавонони саркашӣ ҳар чанд мағрурӣ

Ки аз ҳар мушт хорӣ мерасад имдоди оташ ро

Кабобам гар кунад душман , ҷузи ин ҳарфӣ наме гӯям

Ки ашки талхи ман ёрб гўорободи оташро !

Кушоди ҷони зиндонӣ буд дар сахтии даврон

зи қайди санг , оҳан мекунад озоди оташ ро

Нахоҳад оташ аз ҳамсоя ҳар кас ҷавҳарӣ дорад

Чанор аз сина худ мекунад эҷоди оташ ро

Ба расвоӣ илм шуд зини тиҳии мағзон май равшан

Магар аз каф ба ҳам судан кунад эҷоди оташ ро

зи зиндони моҳи канъони хуии худ соиб нигараданд

Нахоҳад саркашӣ дар санг рафт аз ёди оташ ро