зи худ гусаста чаҳ пурвои он ва ин дорад ?

Ба худ расида чаҳ ҳоҷат ба ҳамнишин дорад ?

зи Осиёи фалаки бор бардаам берун

Маро чигуна тавонад фалак ғамин дорад ?

Умед ҳаст ба парвона наҷот расад

Чу шамъи ҳаркии нафасҳои оташин дорад

Аҷаб ки бар дили маҷрӯҳи могузорӣ даст

Ки остини ту аз зулф беш чин дорад

Азон замон ки маро бар гирифтае аз хок

Ҳануз сояи ман ноз бар замин дорад

Ба хирманӣ нарасад барқи фитнаро осеб

Ки ҳсни офият аз дасти хӯша чин дорад

зи нӯши қисмат занбӯр нест ғайр аз неш

Азин чаҳ суд ки сад хона ангабин дорад ?

Барои покии домони мо баҳор аз гул

Ҳазор панҷаи хунин дар остин дорад

Ба об Хизр кунад талхи зиндагонӣ ро

зи хати ақиқи ту заҳрӣ ки дар нигин дорад

зи шарми ориз ӯ офтоби ъолмтоб

Ба ҳар тараф ки равад чашм бар замин дорад

Тмнъӣ ки ба фақр аз Гана расад ин аст

Ки шарми фақри дилашро зи ғам ҳазин дорад

Ба хӯрдани ҷигараш дар либос , дандонӣ аст

Гуҳар ба зоҳир агар риштаро самин дорад

Якеаст нақши чапу рост дар нигини соиб

Куҷои хабари дили ҳайрони зи куфр ва дайн дорад ?