Гулӣ ки булбули мо барги айш азу дорад
Ҳазор марҳалаи афзӯн ба ранг ва бӯ дорад
Хабар касе ки азон ҳасани олам оро ёфт
Ба ҳар тараф ки кунад рӯй , рӯ ба ӯ дорад
Ба обрӯи зи ҳаёти абад қаноат кун
Ки Хизри вақт буд ҳарки обрӯ дорад
Ба фикри пои сар озодагон наме уфтад
Ки сарв , пой ба гул дар канор ҷӯ дорад
Ду ҳафтаи гармии ҳангома аш набошад беш
Алоқа ҳар ки чу булбул ба ранг ва бӯ дорад
Миёни хавфу раҷо ҳолатӣаст ориф ро
Ки ханда дар даҳану гиря дар гулӯ дорад
зи ҳарфи ҳолат бемағзро тавон дарёфт
Ки дар пиёла буд ҳарчӣ дар каду дорад
Ба сарви саркашӣ афтодааст кори маро
Ки рафтани дили ман ҳукми об ҷӯ дорад
зи сайри олам боло намешавад ғофил
Чаҳ шуд ки сарв ба гули пой ҷустуҷӯ дорад
Нахурда кард сияҳи масти андалебон ро
Чаҳ бодаи ғунчаи ин боғ дар сабу дорад ?
Ба чораи сози зи бечорагии тавон пайваст
Тараҳҳумаст бар он кас ки чора ҷӯ дорад
Фиғон ки об нигардида дил чу шабнами гул
Кашиши таваққуъ азон офтоб рӯ дорад
Умеди лутфи зи хуршед талъатӣаст маро
Ки оби зиндагии оташи зи хуй ӯ дорад
Агарчӣ сар ба ҳавои аўФтодаҳи он хами зулф
Хабари зи печиши ушшоқ мўбмў дорад
Ба ҳеҷ ришта ҷон нест тан прессатон ро
Алоқае ки дили ман ба зулф ӯ дорад
Биҷузи сапанд каз оташ намекунад парво
Ки раҳ ба маҳфили он тарк тундху дорад ?
Ба ҳеҷ чиз тасаллӣ намешавад соиб
Ки ҳирси одати Тифли баҳона ҷӯ дорад