Шукуфтагии з май ноб тозагӣ дорад

Нишот дар раҳи сайлоб тозагӣ дорад

Дарин замона ки хӯн хӯрданаст бидрдӣ

Шароб хӯрдани аҳбоб тозагӣ дорад

Дарин бисот ки ойӣнаи хона бар дӯш аст

Гарони рикобии симоб тозагӣ дорад

Ба захми ман ки зи алмоси рӯ наме тобад

Намак фишонӣ маҳтоб тозагӣ дорад

Тағофули ту ба як захми кори олами сохт

Тараҳҳум аз дили қассоб тозагӣ дорад

Назар ба субҳ биногваш ӯст мавҷи сароб

Агарчӣ партави маҳтоб тозагӣ дорад

Миёни тираи дилон душманӣаст расми қадим

Низои оинау об тозагӣ дорад

зи печу тоби ман он чашм шӯх дилгираст

зи мавҷ , шикваи гирдоб тозагӣ дорад

Ғариб нест зи сайли ӣстодагии соиб

Шикеби ошиқи битоб тозагӣ дорад