Сияҳи дил аз ғами дунё хатар наме дорад

Ки хӯни мурдаи ғам нештар наме дорад

зи инқилоб ҷаҳон фориғанд бе мағзон

Каф аз талотуми дарё хатар наме дорад

Ба қадари талхии меҳнат буд ҳаловати айш

Не ки банд надорад шукр наме дорад

Сафои синаи зи аҳли нифоқи чашми мадор

Шаби сиёҳи дарунон саҳар наме дорад

Якеаст дар дили мо сӯзи доғи куҳнау нав

Дарин чамани раги хомӣ самар наме дорад

зи гули шикояти булбули далели хомиҳост

Ки ҳарчӣ сӯхта гардад шарар наме дорад

Буд азизи назарҳо касе ки чун наргис

зи пушти пои адаби чашм бар наме дорад

Дарин риёзи замин гир хорем соиб

Ки меҳрро касе аз хок бар наме дорад