Қадам ба чашми ман хоксор нагузорад
зи нози по ба замини он нигор нагузорад
Умедвори чунонам ки ҷазби ишқи маро
Миёни аҳли ҳавас шармсор нагузорад
Расед навбати хат , беш азин мурувват нест
Ки даст бар дили ман он нигор нагузорад
Чҳо кунад ба дили биқрори ман шухӣ
Ки оби оинаро барқарор нагузорад
Ба оҳу нолаи ман раҳ ки метавонад баст ?
Маро ба хилват агар парда дор нагузорад
Касе ки бори зи дил бар наметавонад дошт
Ба дӯши халқи ҳамон ба ки бор нагузорад
Ба ноМуродӣ ва бе ҳосилии хушам , тарсам
Ба ҳоли хеши маро рӯзгор нагузорад
Таваққуъӣ ки маро аз сипеҳр ҳаст ин аст
Ки орзӯии маро дар канор нагузорад
Ба хори хори муҳаббат умедҳо дорам
Ки зери хоки маро барқарор нагузорад
Ба хӯн хеш занад ғӯтаи роҳи паймое
Ки пои шимурдаи дарин хорзор нагузорад
Расад ба оби бақои поки тинатии соиб
Ки дил ба ҳастӣ нопойдор нагузорад