Фурӯғ рӯй ту чун аз ниқоб ме гузарад

Арақи зи перҳан оФто ме гузарад

Ба хӯн дил гузарад рӯзгори сӯхтагон

Мадори шуъла ба ашк кабоб ме гузарад

Азин чаҳ суд ки дар гулистон ватан дорам ?

Маро ки умр чу наргис ба хоб ме гузарад

зи пеши хирмани ман барқ аз кам озорӣ

Ба ормидгӣ моҳтоб ме гузарад

Касе чигуна кунад ҳушро ънондорӣ ?

Ки мавҷи лолау гул аз рикоб ме гузарад

Баннои тавбаи сангини мо хатар дорад

Агар баҳор ба ин об ва тоб ме гузарад

Ба тишнагӣ гузарад зи оби зиндагии соиб

Касе ки мавсими гул аз шароб ме гузарад