зи ишқи риштаи ҷонӣ ки печ ва тоб нахурд
зи чашмаи гуҳари шоҳвор об нахурд
Манам ки ранг надорам з рӯй гулрангаш
Вагарнаи лаъл чаҳ хӯнҳо з офтоб нахурд
Куҷо ба шабнаму гул илтифот хоҳад кард ?
зи чеҳраи арақи афшон , дилӣ ки об нахурд
Ба хоки пои ту хӯн мехӯрд ба рағбат май
Ҳамон ҳариф ки дар пои гул шароб нахурд
Дарин баҳор ки як ғунча ношукуфта намонад
Ғаниматаст ки дастӣ бар он ниқоб нахурд
Чунон гирифт такаллуфи бисоти олам ро
Ки хоки ташнаи ҷигари об бегулоб нахурд !
Туе ки сангдилӣ , варна ҳеҷ Зуҳраи ҷабин
Ба ҳар макидан лаби хӯн офтоб нахурд
Сабур бош ки дар интизори абри баҳор
Садаф ба ташнаи лабӣ аз муҳӣт об нахурд
зи худ броӣ ки дар санги оташи сӯзон
Шароби лаъли зи хуноба кабоб нахурд
Замонаи киштии эҳсони чунон ба хушкии баст
Ки ҳеҷ ташнаи ҷигари бозӣ сароб нахурд
Надоматаст саранҷом мекашӣ соиб
Хушо касе ки азин чашмасор об нахурд