Дар ҳавои ком дунё мефишонӣ ҷон чаро ?
намекунӣ дар роҳи бути сайди ҳарами қурбон чаро ?
Чист асбоби ҷаҳон то дил ба он бандад касе ?
намекунӣ зуннорро шерозаи қуръон чаро
Дар биёбони адам бетӯша рафтан мушкил аст
Нестӣ дар фикри тухми афшонӣ эй деҳқон чаро
Ҳеҷ қуфлӣ нест накушояд ба оҳи нимшб
Мондае дар уқдаи дили ӣнқадари ҳайрон чаро
Дайн ба дунёии ?данӣ додан на кор оқил аст
Май диҳии Юсуф ба сими қалб эй нодон чаро
Ҳеҷ мизонеи дарин бозор чун инсоф нест
Гавҳари худро намесанҷӣ ба ин мизон чаро
Аз басират нест гавҳарро бадал кардан ба хок
Обрӯии хеш май резӣ барои нон чаро
Ханда кардани рахна дар қасри ҳаёт афкандан аст
Май шӯй аз ҳар насимии ҳамчуи гули хандон чаро
Одамиро аждаҳое нест чун тӯли амл
Бемуҳобо май рӯй дар коми ин събон чаро
Нони ҷӯи хур , дар биҳишти сайри чашмӣ сайр кун
Май хурии хӯн аз барои неъмати алвон чаро
Дард мегардад даво чун Комронӣ ме кунад
Май кашии нози табибу миннати дармон чаро
Зуд дар гул менишинад киштии сангини рикоб
Чорпҳлў мекунӣ танро , зи обу нон чаро
Май кашанди обои ълўиٰи интизори мақдамат
Мондае дарбанди ин гаҳвора чун Тифлон чаро
Чашми иқболи Сикандари ташна дидор туаст
Дар сиёҳии мондае , эй чашмаи ҳайвон чаро
Чашм бар роҳ ту дорад тоҷи заррини шаҳон
Бар садафи часбидае , эй гавҳари рахшон чаро
Каъба дар домони шабгири баланд афтода аст
Пои худ печидае чун кӯҳ дар домон чаро
Баҳри як дами зиндагонӣ , чун ҳубоби шӯхи чашм
намекунӣ паҳлуи тиҳӣ аз баҳр бепоён чаро
Тарки ҳайвонӣ , ба ҳайвоноти ҷон бахшӣдан аст
Хешро маҳрӯм май дории азин эҳсон чаро
Соҳили баҳр таманно нест ҷузи коми наҳанг
Май рӯй соиби дарин дарёӣ бепоён чаро ?