Дили шикастаи ошиқ ба оҳ ме ларзад

Ҳамеша бар илми худ сипоҳ ме ларзад

Сабки мгири масофи дили шикастаи мо

Ки кӯҳи қофи азин барг коҳ ме ларзад

Гулӣ ки нест ҳаводораши оташини нафасӣ

зи сардии нафас субҳгоҳ ме ларзад

Ҳуҷуми хор ба оташ чаҳ метавонад кард ?

Абаси дили ӣнҳама аз хор роҳ ме ларзад

Кадоми гӯшаи абрӯ баланд шуд ёрб ?

Ки ҳамчуи қиблаи намои қибла гоҳ ме ларзад

Ба фарқи шохи гулӣ булбулӣаст бол фишон

Парӣ ки бар сари он каҷ кулоҳ ме ларзад

Бар он баёзи биногваши гӯшвори гуҳар

Ситора Эйаст ки дар субҳгоҳ ме ларзад

зи оҳи сард буд бргризи исён ро

Хушо дилӣ ки зи бим гуноҳ ме ларзад

Ки омадааст ба гулгашти моҳтоби бурун ?

Ки ҳамчуи меҳри ҷҳонтоб моҳ ме ларзад

Ба чашми бастаи тамошои ориз ӯ кун

Ки ин варақи зи насим нигоҳ ме ларзад

Ба хоки кӯии ту халқ орамида чун бошанд ?

Ки офтоб дар он ҷилва гоҳ ме ларзад

Фитад зи раҳми марои барқ дар ҷигари соиб

Агар ба домани саҳро гиёҳ ме ларзад