Нафас ба синаам аз изтироб май сӯзад

Чунон ки тири шаҳоб аз шитоб май сӯзад

зи қайди ақл дар иқлӣми ишқ фориғ бош

Ки соя дар қадами офтоб май сӯзад

Тароват ту кунад сабзи тухми сӯхта ро

Хуши он каттон ки дарин моҳтоб май сӯзад

зи хӯни сӯхтагони ишқ маҷлис афрӯзаст

Чароғи шуъла ба ашки кабоб май сӯзад

Гулӣ ки гиряи гарм манаст миробаш

зи шабнамаши ҷигари офтоб май сӯзад

Азон замон ки лаб аз хӯни гарми ман тар кард

Ҳануз дар ҷигари теғи об май сӯзад

Чунон ки шҳпри ақл аз шароби отшнок

зи офтоби рух ӯ ниқоб май сӯзад

Марои ҷудоӣ ӯ сӯхт , вақти шабнами хуш

Ки дар мушоҳидаи офтоб май сӯзад

Агарчӣ дар дил дарёст ҷои ман соиб

зи тишнагии ҷигарам чун сароб май сӯзад