Чаҳ ғами зи сина ба ёд висол бархезад ?
Чаҳ тишнагӣ ба сароб аз суфол бархезад ?
зи об , сабза хобида мешавад бедор
зи дил ба бода чаҳ занг малол бархезад ?
зи пой то нанишинад сипеҳр мумкин нест
Ки занг аз оинаи моҳ ва сол бархезад
зи доғи каъба сиёҳӣ намефитад ҳаргиз
зи дил чигуна ғубор малол бархезад ?
Маро азон лаб мегаван ба бӯса Эй дарёб
Ки аз дилами ғами рӯз савол бархезад
Ба шабнамӣаст марои рашк дар бисоти чаман
Ки пеш азон ки шавад поймол бархезад
зи бори ишқи қади ҳарки чун камон гардид
зи хоки тира ба нур ҳилол бархезад
зи об шӯр шавад доғи тишнагии носур
Куҷо ба моли зи дили ҳирс мол бархезад ?
Турои зи аҳли камоли он замон ҳисоб кунанд
Ки аз дили ту ғурур камол бархезад
Ғубори чеҳраи осӣ ки сайл оҷиз ӯст
Ба қатраи арақ инфеъол бархезад
зи қилу қол , ғуборӣ ки бар диласт маро
Магар ба хомшии аҳл ҳол бархезад
Машав ба софии айши эмин аз кудурати ғам
Ки ин ғубори зи об зулол бархезад
Гузаштам аз сари гардун ба оҷизӣ , ғофил
Ки сабза гарчи шавад поймол , бархезад
зи сад ҳазор суханвар ки дар ҷаҳон ояд
Яке чу соиби шӯрида ҳол бархезад