Нигоҳ аҷз бошадгар забонӣ ҳаст ошиқ ро

Буд захми намоён ,гар даҳоне ҳаст ошиқ ро

Гуҳар дар пилаи мизони Юсуфи санг кам бошад

Вагарнаи дида гўҳрФшонӣ ҳаст ошиқ ро

Азон покаст аз гирди алойиқи домани покаш

Ки доим дар назари об равонӣ ҳаст ошиқ ро

Мурувват нест об эй сангдил бар ташнагон бастан

Бикаш теғ аз миён то ним ҷонӣ ҳаст ошиқ ро

Азон чун зулф мебошад мусалсали печу тоб ӯ

Ки дар мади назари мӯӣ миёнӣ ҳаст ошиқ ро

Набошад ғайри кӯҳи ғам ки афшурдааст по дар дил

Дарин ваҳшати сарогар ҳамзабонӣ ҳаст ошиқ ро

Камол ишқ бошад бенишону номи гардидан

з нуқсонастгар ном ва нишоне ҳаст ошиқ ро

Ҳамин сарваст каз қамарӣ намесозад тиҳии паҳлу

Дарин бстонсрогар қадрдонӣ ҳаст ошиқ ро

Азон чун теғ аз сахтӣ нагардад ишқи рӯи гардон

Ки аз ҳар сахтеи санг Фсонӣ ҳаст ошиқ ро

з дилсӯзон намехоҳад чароғии марқади покаш

зи оҳи гарм , шамъ дудмонӣ ҳаст ошиқ ро

Чаро андешад аз зеру зибри гардидани олам ?

Чу малики бихўдӣ дороломонӣ ҳаст ошиқ ро

Азон дар чори мавсим бар сар шӯраст савдояш

Ки чун анбар , баҳор бе хазоне ҳаст ошиқ ро

Ба ботини қаҳрамон ишқ дорад ихтиёраш ро

Ба каф чун Тифл , зоҳиргар аноне ҳаст ошиқ ро

Надорад бегумон аз трктози ишқи огоҳӣ

Ба сабру тоқати худ то гумоне ҳаст ошиқ ро

Забон ҳар чанд шамъи куштаро хомӯш ме бошад

Ба хомӯшии аҷаби теғ забонӣ ҳаст ошиқ ро

зи рангомезӣ ишқи он ки огоҳаст , ме донад

Ки дар ҳар дами баҳорӣ ва хазоне ҳаст ошиқ ро

Куҳансолӣ май кам зӯрро пар зӯр ме созад

Пас аз перӣастгар бахт ҷавонӣ ҳаст ошиқ ро

зи ғайратгар ба арз ҳол накушояд забони соиб

зи ранги чеҳраи худ тарҷумонӣ ҳаст ошиқ ро