зи тараф рӯй ту хати сиёҳ пайдо шуд

Дар офтоби қиёмати паноҳ пайдо шуд

зи хат ба чеҳраи лағзандаи ту дилшодам

Ки дасти печ барои нигоҳ пайдо шуд

Шукр агар чаҳ шавад ҳосил аз замини сиёҳ

зи шукри ту замини сиёҳ пайдо шуд

зи танагии он даҳан аз дида буд пӯшида

зи хат ба танги даҳони ту роҳ пайдо шуд

Ба ҳайратами зи хати сабзи он лаби намакин

Ки чун зи кони малоҳати гиёҳ пайдо шуд ?

Дамид хати зи биногваши он самани симо

Ғариби шомии азин субҳгоҳ пайдо шуд

зи фитнаи хати шбрнг ӯ машав эмин

Ки барқ , соиб аз абри сиёҳ пайдо шуд