Згриаҳи оина ҳар дилӣ ки равшан шуд

Чу ашк , мардумаки ҳалқаҳои шеван шуд

Чароғи рӯз буд офтоб дар назараш

зи серумаи дили шаби дидае ки равшан шуд

Ҳазор оҳ шавадгар зи дили кашами як оҳ

Маро ки хона чу миҷмари тамом равзан шуд

Машав зи ҳам гуҳарони давр то рисӣ ба камол

Ки дона аз асари иттифоқ хирман шуд

Кашид панҷаи хунини шафақ ба рухсораш

Чу субҳ ҳар ки дарин аҳд покдоман шуд

Маро ки маркази паргори ҳайратам чун хол

Азин чаҳ суд ки он кунҷи лаб нишеман шуд

Ба ман забони маломат чаҳ метавонад кард

Ки пӯст бар танам аз захми тир ҷавшан шуд

Чаҳ нисбатаст ба Мансури сӯзи ишқи маро

зи гармии нафасами дори нахл эмин шуд

зи бори дили сари зулфи ту шӯхтар гардид

Шикасти шҳпри парвози ин фалохан шуд

Гирифт аз ҷигари гарми мо нафаси соиб

Чароғ ҳар ки дарин рӯзгор равшан шуд