Ба зери чархи дил шодмон наме бошад
Гули шукуфтаи дарин бӯстон наме бошад
Хурӯши сайли ҳаводис баланд ме гуяд
Ки хоби амни дарин хокдон наме бошад
Махӯр зи содаи дилиҳо фиреби субҳи нишот
Ки ҳеҷ мағзи дарин устихон наме бошад
Ба ҳарки менагарм ҳамчуи ғунча дилтанг аст
Магари насими дарин гулистон намебошад ?
Далел рафтани дилҳост оҳи дардолӯд
Ғубор бехабар корвон наме бошад
Дилӣ ки нест харошӣ дар ӯ замин гир аст
Зарӣ ки сикка надорад равон наме бошад
Ба тоқати дили озурда эътимод макун
Ки тири оҳ ба ҳукм камон наме бошад
Канора кардан аз афтодагон мурувват нест
Касе ба сояи худ саргардон наме бошад
Макун канораи зи ошиқ ки зуд чида шавад
Гулӣ ки дар назар боғбон наме бошад
Ба як қарор буд об чун гуҳар гардад
Баҳори зиндаи дилонро хазон наме бошад
Ба ганҷҳои гуҳари моҳи Миср арзон аст
Ба ҳар баҳо ки будамӣ гарон наме бошад
Қадами зи майкада берун манеҳ ки ҷузи хати ҷом
Хати мусалламе дар ҷаҳон наме бошад
Гарон тараст ба девони ҳашари мизонаш
Ба ҳаркии санги маломат гарон наме бошад
Ба чашми зиндаи дилони хуш тараст хилвати гӯр
зи хонае ки дар ӯ миҳмон наме бошад
Шикастаи рангии мо нома Эйаст вокрдаҳ
Чаҳ шуд ки шикваи моро забон наме бошад
Ҳазор булбул агар дар чаман шавад пайдо
Яке чу соиби оташ забон наме бошад