Сбкрўони зи хами осмон баромада анд
зи ростӣ чу хаданг аз камон баромада анд
Чигуна қомати худ зуди зуд рост кунанд
Чу сабза аз танаи санги гарон баромада анд
Аннани сӯхтагонро гирифтан осон нест
Ба тозӣонаи оҳ аз ҷаҳон баромада анд
Ба ҷусту ҷӯии ту ҳар рӯзи оташини нафасон
Чу офтоб ба гирди ҷаҳон баромада анд
Кадоми ғунчаи маҳҷӯб дар худороӣ аст
Ки булбулони ҳама аз гулистон баромада анд
зи чашми шӯх батон мардумии мадори тамаъ
Ки оҳӯони хто бешубон баромада анд
Сазои садрнишинон агар буд инсоф
Ҳамин басаст ки аз остон баромада анд
Насими субҳи ҷазоро фасона пиндоранд
Ҷамоатӣ ки ба хоби гарон баромада анд
Чу шона дар ҳарами зулфи роҳи ҷамъии рост
Ки бо ҳазор забон безабон баромада анд
Ҷамоатӣ ки хамӯшанд чун садафи соиб
зи баҳр бо лаби гўҳрФшон баромада анд