Агар ба қомати раъноӣ ӯ назора кунад

зи тавқи фохтаи занҷир срўпораҳ кунад

Ману назораи абрӯӣ ӯ ки чун маи ид

Тамоми айши ҷаҳонро ба як ишора кунад

Насиби субҳи зи хуршеди доғ ҳасрат шуд

Дигар касе ба чаҳ умеди сина пора кунад

Нафас шимурда занад ҳар ки дар бисоти вуҷӯд

Чўсбҳи зиндагии хешро дубора кунад

Гирифтам ин ки буд мавҷ дар шинои трдст

Чаҳ дасти впои дарин баҳр беканора кунад

Аҷаб ки фурсат дидан ба айб халқ расад

Ба айби хеш агар одамӣ назора кунад

Чҳобаҳи чашм тмошоиён кунад ё раб

Рухӣ ки дидаи хуршед пурситора кунад

Ниҳон чигуна кунам ишқро ки зӯри шароб

Ба шишаҳои тнки кори санг хора кунад

Чу шамъи гиряи ҳаркас ки оташин бошад

Ҷузи ин ки даст бишӯяд зи ҷон чаҳ чора кунад

Касе ки чун дили сад пора мусҳафӣ дорад

Чаро ба муҳраи гули соиб истихора кунад