Хушо касе ки ба домони худ қадам шаканд

Тамом даст шавад хешро баҳам шаканд

Ба шишаи хонаи дилҳои мо ҷа хоҳад кард

Бутӣ ки болу пари тоир ҳарам шаканд

Мадори дасти зи домони оҳи рӯзи масоф

Ки қалби душмани хунхори ин илм шаканд

Ҳамеша ханда Кебекаст дар даҳон касе

Ки пои хеш ба домони кӯҳ баҳам шаканд

Ним зи аҳли шикоят валек май тарсам

Ки зӯри бодаи сабуии маро баҳам шаканд

Камоли мардӣ вмрдонгӣаст худшиканӣ

Бабўс даст касеро ки ин санам шаканд

Мадори номаи таваққуъ азон шикастаи дилӣ

Ки дар навиштани як ҳарфи сад қалам шаканд

Ба хоксорӣ мо мебаранд шоҳони рашк

Ки дидааст суфолӣ ки ҷом ҷам шаканд

Шикасти ҷавҳар соҳибдилон насозад кам

Ба пушт кор кунад теғро чу дам шаканд

Куҷост солик аз худ гузаштае соиб

Ки доманӣ ба миён дар раҳ адам шаканд