Ҳуқуқи хизмат агар дар ҳисоб хоҳад буд
зи рашки ман дили олам кабоб хоҳад буд
Агар чаҳ пой сафар нест ҷисми зори маро
Сиришки ман ҳамаи ҷо дар рикоб хоҳад буд
Ғамин мабош чу шабнами зи оби гаштани дил
Ки айнаки назар офтоб хоҳад буд
Чу риштаи донаи дом ту мешавад гавҳар
Агар каманди ту аз печ втоб хоҳад буд
Умеди лутф ба хат доштам надонистам
Ки ҷавҳари дами теғ итоб хоҳад буд
зи ишқи гардиши афлокро насибӣ нест
Пиёларо чаҳ хабар аз шароб хоҳад буд
Ба марги даст ситамгар намешавад кӯтоҳ
Ки тирро пурвабол аз уқоб хоҳад буд
Фиреби ҷилва дунё махӯр ки нақши умед
Сабки рикоб чу мавҷ сароб хоҳад буд
зи оби гаштани дили хӯни худмахӯри соиб
Чўгли з пӯст барояд гулоб хоҳад буд