Мсўз эй сангдил аз интизор май кабобам ро

Ба дард бода кун таъмири аҳволи харобам ро

Адаби парвардаи ишқам , наёяд хирагӣ аз ман

Насузад оташ май пардаи шарму ҳиҷобам ро

Азон чун мӯии оташи дидаи як дам нест оромам

Ки оташ талъатон доранд набзи печу тобам ро

намешуд шабнами ман харҷи домони гулу насрин

Агар як зарра дар дили меҳр май буд офтобам ро

Ба домони қиёмат пок натавон кард хӯни ман

Ҳамин ҷо пок кун эй сангдил бо худ ҳисобам ро

Ҳамон аз шӯхи чашмӣ сар барорам аз гиребонаш

Агар садбори дарёи бишиканад бар ҳам ҳубобам ро

Нигарадед аз ҷаҳон бенамак , шурии марои ҳосил

Магари шӯри қиёмати хуш намак созад кабобам ро

Гуворо мешавад чун май ба комами талхии ғурбат

Гар он гули перҳан бар перҳани пошади гулобам ро

Магари барги хазон дидааст авроқи ҳавоси ман ?

Ки бешероза месозад дами сардии китобам ро

Чу моҳи нави сар аз пои тавозуъ бар наме дорам

Агар бо он бузургӣ осмон гирад рикобам ро

Маро аз номау пайғоми соиб дил наёсоед

Ба ҳарф ва савт натавон дод таскини изтиробам ро