Чу ғунча ҳар ки дарин гулистон кушода шавад
Маро ба хандаи шодии даҳон кушода шавад
зи танггирӣ гардуни мадори дилро танг
Ки дили кушода чу гардад ҷаҳон кушода шавад
Ба рӯй давлати бедор дар мабанд аз хоб
Ки вақти субҳ дар осмон кушода шавад
Гирифтам ин ки кунад рахна дар фалаки оҳам
зи рахнаҳои қафаси дили чисон кушода шавад
Начида гули зи тараби харҷ рӯзгор шудам
Чу ғунчае ки ба фасли хазон кушода шавад
Чу моҳи ид ба ангушт май намояндаш
Агар ба хандаи лабӣ дар ҷаҳон кушода шавад
Ба дӯстон чаҳ шикоят кунам зи тнгдлӣ
Азин чаҳ ба ки дили душманон кушода шавад
Куҷост фурсати вкўи ҷуръати сухани соиб
Гирифтам ин ки гиреҳ аз забон кушода шавад