Марои таъаҷҷуб аз он пурҳиҷоб ме ояд
Ки дар хаёл чаҳ сон бениқоб ме ояд
зи норасои бахти сиёҳ дар аҷабам
Ки чун ба хонаи ман офтоб ме ояд
Ба ҳарф бе асари мо ки гӯш хоҳад кард ?
зи кӯҳи нолаи мо беҷавоб ме ояд
Чу нахли бодия дар домани таваккул , пой
Кашидаам ки зи дарё саҳоб ме ояд
Ту аз сиёҳии дили ин чунин гарони ҷонӣ
Даруни хонаи торик хоб ме ояд
Ба чашм оина хоҳад шикасти ҷавҳар , мӯӣ
Чунин ки хати ту дар печ втоб ме ояд
Назар ба ҷониби райҳон наметавонам кард
Каз он сиёҳи даруни буи хоб ме ояд
зи офтоби абас шиква мекунам соиб
Шаби висол ба чашм ки хоб меояд ?