з рӯй нави хати дилдор ҷон биёсоед

Чу моҳ парда нишин шуд каттон биёсоед

Қарор нест ба ҷое баланди ҳиммат ро

Чигуна аз ҳаракат осмон биёсоед

Фалаки зи куштани ман пушт дод бар девор

Чу тир бар ҳадаф ояд камон биёсоед

Нигоҳбонии хубони шӯх чашм балост

Чу гули з боғ равад боғбон биёсоед

Шикеб аз дили перони Тифли табъи мҷўӣ

Чигуна барг ба фасл хазон биёсоед

Дилӣ ки дар ҳарами каъбаи биқрор буд

Куҷои з дидани санг нишон биёсоед

Фиғон ки нолаи мурғон беадаб нагузошт

Ки ғунчаро дили азин бӯстон биёсоед

Дарин замонаи пари инқилоб ҳайҳот аст

Ки аз тараддуди хотир равон биёсоед

Дар остона ишқаст фатҳи боби умед

Хушо сиррӣ ки бар он остон биёсоед

Чаҳ узр ланг шавад санги роҳи роҳравӣ

Ки аз талаб ба ҳазорон нишон биёсоед

Ба нури субҳи басират чу дил шавад равшан

зи хобҳои парешон равон биёсоед

Дарин муҳӣт ки мавҷаш наҳанг хунхораст

Сафинаҳои дили мо чисон биёсоед

зи санги тафриқаи дилҳои равшан осӯда аст

Ки гули гулоб чу шуд аз хазон биёсоед

Ҳиҷоб ҷуръат дуздаст равшанои шаб

Дил аз гуноҳ чу шуд пок ҷон биёсоед

зи сайли ҳодисаи бунёди мо ба об расед

Сазои он ки дарин хокдон биёсоед

Чаҳ инқилоб ба ҳасани ту роҳ хоҳад ёфт

Газ аз ту хотири мо як замон биёсоед

зи кӯҳи ғами дил мо орамида шуд соиб

Чунон ки чашми зи хоб гарон биёсоед