Сияҳи дилӣ ки зи даврон ҳузур ме ҷӯяд
Миён дӯзах сӯзанда ҳур ме ҷӯяд
Касе ки чашми тасаллии з орзӯ дорад
Алоҷи тишнагӣ аз об шӯр ме ҷӯяд
Чаҳ содаи лавҳ фитодааст обгинаи мо
зи санглохи ҳаводис ҳузур ме ҷӯяд
Басо ки дасти надомат ба срзнди он кас
Ки тухми райҳон дар хок шӯр ме ҷӯяд
Фиреби неъмат алвон махӯр ки чархи бахил
Ҳисоби пои малахро з мӯр ме ҷӯяд
Тавон ба сӯзи ҷигари шамъи куштаро афрӯхт
зи офтоби абаси моҳ нур ме ҷӯяд
Чигуна сар ба гиребони хомшии нкшм
Замона Эйаст ки тӯфон танур ме ҷӯяд
Дилӣ ки малики сулаймон бар ӯ чу зиндон буд
Ҳисори офият аз чашм мӯр ме ҷӯяд
Фалак ҳамеша талабкори танг чашмон аст
Ки рӯй зишти зи ҳақи чашм кӯр ме ҷӯяд
Назар ба соФдлонаст ишқи хӯнӣ ро
Шароби рангини ҷом булӯр ме ҷӯяд
Чаҳ содаи лавҳ фитодааст соиби ин зоҳид
Ки ҳақ гузошта ҳур ва қусӯр ме ҷӯяд