Агар чу риштаи тани худ ба печ втоб диҳед
зи чашмасор гуҳари зуди дида об диҳед
Марои пиёла дигар намедиҳад мастӣ
Ба ман зи нофи ғизолони шароб ноб диҳед
Аҷаб ки рӯй арақи рези ёри бигузорад
Ки ҳамчуи сабзаи хобидаи тан ба хоб диҳед
Каманди гавҳари мақсӯди ришта ашк аст
Чу барги гули дили сад пораро ба об диҳед
Иморати дили вайрон савобҳо дорад
Пиёлае ба ман хонимон хароб диҳед
Ба тарки сар чу тавон шуд зи дарди сари озод
Чаҳ лозимаст ки дардисар гулоб диҳед
Ситораи арақ рӯй ёр дар гузараст
Азин чакидаи хуршеди дида об диҳед