Аз шарм нолаам ки дил аз кор май барад

Булбул ба зери пари сари минқор май барад

Ҳаркас ки бешароб равад барканори кишт

Ойӣнаро ба чашмаи зангор май барад

Бар боғбон ба чашм дигар мекунад нигоҳ

Мурғӣ ки раҳ ба рахнаи девор май барад

Зӯҳҳодро ба боғ ки таклиф ме кунад

Ин хори хушкро ки ба гулзор май барад

Зулфи зи пои фитода буд риштаи умед

Чашми зи кори рафтаи дил аз кор май барад

Таклифи моҳтоб ба ман ҳарки ме кунад

Маҷрӯҳро ба сайри намакзор май барад

Аз бими дастбурди таъаддии зи бӯстон

Гули илтиҷо ба гӯшаи дастор май барад

Зулфи ту сад муаззини тасбеҳи гӯй ро

Кокули кашон ба ҳалқаи зуннор май барад

Соиб чаҳ неъматӣаст ки табъи ғаюри ман

Минқор бастаам зи шкрзор май барад