Мактуби ман ба хизмати ҷонон ки май барад
Барги хазони расида ба бустон ки май барад
Девонае ба тозагӣ аз банд ҷуста аст
Ин муждаро ба ҳалқаи Тифлон ки май барад
Ашки ману таваққуъи гулгунаи асар
Тифли ятемро ба гулистон ки май барад
Ҷузи ман ки боғи хештан аз хона карда ам
Дар навбаҳори сар ба гиребон ки май барад
Ҷузи қатраҳои обилаи пои раҳравон
Лаби тишнагии зи хори муғелон ки май барад
Акнӯн ки ёфт чошнии санги кӯдакон
Девонаи маро ба биёбон ки май барад
Ҳар мушкилӣ ки ҳаст гирифтам гушӯд ақл
Раҳ дар ҳақиқати дили инсон ки май барад
Ҷӯши шароби доим ва аз гул дўҳФтаҳ аст
Аз пои хами маро ба гулистон ки май барад
Сар бохтан дарин сафари давр давлат аст
Варна тариқи ишқ ба поён ки май барад
Соиби саводи шаҳри марои хӯн мурда кард
Ин дили рамидаро ба биёбон ки май барад