Давлат ба лаъли поки гуҳар зуд ме расад
Равшани гуҳар ба тоҷи вкмр зуд ме расад
Дар мағз ошиқон набӯд орзӯии хом
Дар оФтобрўӣ , самар зуд ме расад
Ҳаркаси шикасти қимати худ бар замин намонад
Арзон чу шуд матоъ ба зар зуд ме расад
Хати ту нодамидаи дил аз мардумон гирифт
Ин тўтё ба аҳли назар зуд ме расад
Як соъатаст гармии ҳангомаи нишот
Даври ҳилоли иди басар зуд ме расад
Хомӣаст санги роҳи ту аз пешгоҳи қурб
Чун пухта шуд ба коми самар зуд ме расад
Аз гуфтугӯӣ пуч надорад ҳубоби ҳеҷ
Аз хомшии садаф ба гуҳар зуд ме расад
Кори марои тамом ба як ҷилва кард ҳасан
Оби сабки Аннан ба ҷигар зуд ме расад
Ҷони рамидаи доғ ғарибӣ наме кашад
Хоби адам ба дод шарар зуд ме расад
Аз хоки раҳравӣ ки камари баста май дамад
Чун не ба хокбўси шукр зуд ме расад
Натавон наҳуфт рози дил аз чашми ашкбор
Аз роҳ ба дидаи хабар зуд ме расад
Бе ихтиёри дидаи бағал боз ме кунад
Гуё ки ёри мо зи сафар зуд ме расад
Пои шикаста гарчи ба ҷое наме расад
Оҳи шикастагон ба асар зуд ме расад
Соиби зи оҳи сард ба матлаб тавон расед
Дар васли офтоби саҳар зуд ме расад