Гарданкашӣ ба сарв сарафроз ме расад

Озодаро ба оламён ноз ме расад

Ҳар чанд бесадост чу ойӣнаи оби умр

Аз рафтанаш ба гӯши ман овоз ме расад

Ҳиммати баланди дор каз ин хокдони паст

Шабнам ба осмон ба як андоз ме расад

Ҷӯёии номаҳои сиёҳаст абри файз

Ойӣнаи гирифта ба прдозмӣ расад

Ёқӯби чашми бохтаро ёфт оқибат

Охир ба коми хеши назар бозме расад

Ин шишаи пора ки дарин хок рехта аст

Дар бутаи гудоз ба ҳам боз ме расад

Он рӯз мешавем зи саргаштагии халос

Конҷоми мо ба нуқта оғоз ме расад

Дар сина мезанад нафаси хешро гиреҳ

Ҳаркас ки дар ҳақиқати ин роз ме расад

Аз дӯстони боғи дарин гӯшаи қафас

Гоҳе насими субҳ ба ман боз ме расад

Хӯн гиря мекунад дар вдиўори рӯзгор

Дигари кадоми хона барандоз ме расад

Соиб хамаш нишин ки дарин рӯзгори ҳарф

Аз лаб бурун нарафта ба ғаммоз ме расад