Ҳар соғарӣ ба он лаб хандон наме расад

Ҳар ташнаи лаб ба чашма ҳайвон наме расад

Оҳ манаст дар дили шабҳои интизор

Тӯмори шиквае ки ба поён наме расад

Ошиқи куҷоу бӯсаи он лаъли обдор

Оби гуҳар ба хор муғелон наме расад

Аз ҷӯш ошиқон нашавад танги халқи ишқ

Танагии зи корвон ба биёбон наме расад

Корам ба марг нахоҳад гузошт ишқ

Ин киштии шикаста ба тӯфон наме расад

Дар кишварӣ ки пораи дил харҷ ме шавад

Ангуштарӣ ба дод сулаймон наме расад

Вақти хушӣ чу рӯй диҳад муғтанами шумор

Доими насими Миср ба канъон наме расад

Кӯтоҳӣ аз манаст на аз сарви нози ман

Дасти зи кори рафта ба домон наме расад

Ҳарчанд субҳи иди зи дили занг май барад

Соиб ба файзи чок гиребон наме расад