То дидаи маҳв рӯй ту шуд комёб шуд
Шабнам ба офтоб расед офтоб шуд
Ҳасани ту аз дамӣдани хат комёб шуд
Пайғамбари ҷамоли ту соҳиб китоб шуд
Аз шарми зулфи врўии ту дар нофи оҳӯон
Сад бори машк хӯн шуд вхўни машк ноб шуд
Як чашми хоби талхи ҷаҳон дар бисот дошт
Он ҳам насиби дидаи шӯр ҳубоб шуд
То чеҳраи ту дар арақи шарм ғӯта зад
Ҳар орзӯ ки дар дили ман буд об шуд
Оби ҳаёти Хизр гул олуд миннат аст
Хуши вақти ташнае ки дучор сароб шуд
Чун дид гул ба дидаи шабнами бақои умр
Дар бутаи гудоз дар омад гулоб шуд
Аз рафтани ҳубоб чаҳ парвост баҳр ро
Ишқи турои азин чаҳ ки олам хароб шуд
Соиби зи файзи ҷозибаи ишқи оқибат
Бо офтоби зарраи ман ҳамрикоб шуд