Мастонаи сарви қомат ӯ дар хиром шуд
Тавқи гулӯии фохтагони хат ҷом шуд
Ҳар чанд ишқи душман комаст азон дўлб
Қонеъ наме тавон ба ҷавоб салом шуд
Шуд шавқи ман ба улфати Лайлии яке ҳазор
Ҳар ваҳше ки бо ман девона ром шуд
Сайди ҳарами ним ба чаҳ ҷурм эй фириштаи хуй
Оби ҳалоли теғи ту бар ман ҳаром шуд
Гардид тавқи фохтагони тавқи бандагӣ
Рӯзӣ ки сарви қомат ӯро ғулом шуд
Таҳи ҷуръае ки лаъли ту бркоиноти рехт
Дар соғари фалаки шафақи субҳ вшом шуд
Зини пеши шуғли ишқ ба хосон наме расад
Дар рӯзгори ҳасани ту ин шева ом шуд
Дар домгоҳи ҳодисаи бол шикаста ам
Аз бас ки монад нохунаи чашм дом шуд
Реги равон ҳирс надорад замини пок
Кори гуҳар ба қатраи обӣ тамом шуд
Зинҳори сари зи гӯшаи азлат бурун меар
Хӯн мехӯрд чу теғи бурун аз ниёам шуд
Дил хӯрданаст қисмати комил ки моҳи нав
Рӯзӣ хӯрд зи паҳлавии худ чун тамом шуд
Битавон гусаст зуди зи ҳам доми суст ро
Ғамгин мабош кори тугар бенизом шуд
Соиби зи шукри теғ шаҳодат мабанд лаб
Кин умри панҷ рӯзаи азу мустадом шуд