Хубони дилам ба зулфи гиреҳи гир баста анд

Девонаи маро ба ду занҷир баста анд

Ҷамъӣ ки зери чархи нафас рост карда анд

Аз бими ҷон чу субҳи ду шамшер баста анд

Аз рашки қосидони схнсози ошиқон

Мактуби худ ба болу пари тир баста анд

Ҷамъӣ ки фатҳи боби зи гардун тамаъ кунанд

Дил бар кушоди ғунчаи тасвир баста анд

Ин кам аноятӣаст ки аз лутф бе дареғ

Бар рӯй май кашон дар тазвир баста анд

Дар рӯзгори ғунчаи мо аҳли ҳалу ақд

Чун гули ҳино ба нохуни тадбир баста анд

Дар пеши роҳи бодаи гулгуни тилисми ақл

Садӣаст каз шукр ба раҳи шер баста анд

Соиби зи ақлу кашмакаш ӯ чаҳ фориғанд

Онон ки дил ба зулфи гиреҳи гир баста анд