Айши ҷаҳон ба ринд меошом дода анд

Хати мусалламӣ ба лаб ҷом дода анд

Аз бар гурез ҳодиса резанд гул ба ҷайб

Озодагон ки тарк саранҷом дода анд

Осӯдагии зи хотири номи оварони мҷу

Кин манзалат ба мардум гумном дода анд

Ҷамъӣ ки ҳалқа бар дар ибром ме зананд

Бо худ қарори талхӣ дашном дода анд

Аз ҷустуҷӯии ризқ чаҳ осӯда хотираст

Онро ки дона аз гиреҳ дом дода анд

Молидааанд бар лаби худ хоки ошиқон

Аз даври бӯсагар ба лаб бом дода анд

Тарсами зи бӯсаи лаб соқӣ кунанд кам

Бӯсӣ ки микшон ба лаб ҷом дода анд

Ҳаргизи насиби бӯса рибоён нагашта аст

Моро ҳаловатӣ ки з пайғом дода анд

Узрам баҷост пухта агар дайр ме шавам

Шери марои зи субҳи азал хом дода анд

Нуқсон накардааст касе аз мулоимат

Қанд аз забони чарб ба бодом дода анд

Теғ Фсон кашида майдон ҷуръатанд

Онҳо ки тан ба сахтӣ айём дода анд

Аз худ гусастагони зи ҷони дасти шаста ро

Дар роҳи сайли лангар ором дода анд

Ҷамъӣ ки дидаанд саранҷоми бихўдӣ

Нақди ҳаёти хеш ба як ҷом дода анд

Пари сар кашӣ макун ки зи оғӯш фохта аст

Ҳар сарвро ки дар чаман андом дода анд

Аз шавқи каъбаи чашм ту кардаанд агар сифед

Манишин зи по ки ҷома эҳром дода анд

Соиб чаҳ фориғанд зи андешаи ҳисоб

Ҷамъӣ ки кори охират анҷом дода анд