Ҷамъӣ ки бори дарди ту бар дил ниҳода анд

Чун роҳи сар ба домани манзил ниҳода анд

Дар домани муроди ду олам наме зананд

Дастӣ ки ошиқони ту бар дил ниҳода анд

Поканд аз он зи айби накӯён ки пеши рӯ

Чандини ҳазор оинаи дил ниҳода анд

Ин хоби роҳатӣ ки ба дарвеш дода анд

Бо тоҷу тахти шоҳи муқобил ниҳода анд

Ҷамъӣ ки воқифанд зи хуии ту ҳамчуи шамъ

Аз сари гузаштаи пой ба маҳфил ниҳода анд

Узр ба хӯн тапидан худ куштагони ишқ

Бар гардани муруввати қотил ниҳода анд

Ром мекунад зи сояи девонаи кӯҳи ғам

Ин борро ба мардуми оқил ниҳода анд

Сайри биҳишт дар гиреҳ ғунча ме кунанд

Онон ки дил ба уқдаи мушкил ниҳода анд

Бар ҷабҳаи мунаввари хуршеди доғи ишқ

Меҳр набувватӣаст ки бар гул ниҳода анд

Аз малик бенишон ба фалохан наад туро

Сангӣ ки дар раҳи ту зи манзил ниҳода анд

Ҳол гуҳар мапурс ки аз гӯши моҳён

Меҳри сукут бар лаби соҳил ниҳода анд

Чун нолаи ҷараси тиҳӣ аз хеш гаштагон

Густохи рӯ ба домани маҳмил ниҳода анд

Соиби асири кашмакаш ақл гашта анд

Ҷамъӣ ки пои буруни зи слосл ниҳода анд