Ҷамъӣ ки ҷон ба лаб гуё супурда анд
Сари риштаи нафас ба масеҳо супурда анд
Ҳар танги зарфи қобили асрор ишқ нест
Рози гуҳар ба синаи дарё супурда анд
Ин луқма бузург нагунҷад ба ҳар даҳон
Асрори кӯҳи қоф ба анқо супурда анд
Ҷоми даҳан дарида надорад нигоҳи ҳарф
Ин рози сар ба меҳр ба мино супурда анд
Оҳистаи рӯ чу реги равони монда кӣ шавад
Мардони Аннан ба дасти мудоро супурда анд
Оянд бешуъӯр ба девони растхез
Ҷамъӣ ки ҳуши хеш ба дунё супурда анд
Зинҳори азин сиёҳи дилони равшании мҷу
Кин файзро ба домани шабҳо супурда анд
Чун мавҷ дар сароб ғуруранд мубтало
Беҳосилон ки дил ба таманно супурда анд
Ибрат пазир бош ки Тифлон ноқисанд
Онон ки дил ба сирўтмошо супурда анд
Савдои сиёҳи хона Лайлӣаст ошиқон
Зон ахтёрхўиш ба савдо супурда анд
Дар зери хок низ набенанд рӯй хоб
Нақди амонатӣ ки ба дилҳо супурда анд
Чун шабнами гудохтаи соиби сбкрўон
Роҳи фалак ба обила поспрдаҳ анд