Ин оҳӯон ки гардан даъвӣ кашида анд
Холи баёзи гардан ӯро надида анд
Онҳо ки васфи мива фирдавс ме кунанд
Аз нахли ҳасани себ занхдон начида анд
Ҷамъӣ ки дар кмингаҳ субҳ қиёматанд
Он синаро зи чоки гиребон надида анд
Онон ки нисбати ту ба об Хизр кунанд
Аз лаъли рӯҳи бахши ту ҳарфӣ шунида анд
Ин кўрботнон ки зи ҳасан ту ғофиланд
Хуршедро ба дидаи хафоаш дида анд
То лаъли обдори турои нақш баста анд
Оби ақиқу хӯни Яманро мкидаҳ анд
Мади расое аз қалами сунъ барда анд
То қомати баланди туро офарӣда анд
Аз шарми наргиси ту ғизолони шӯхи чашм
Худро ба зери хайма Лайлӣ кашида анд
Аз чашми оҳӯони ҳарам ҳарф ме зананд
Ин ғофилони нигоҳи турои давр дида анд
Хоби фароғат аз сари айём рафта аст
То чашми ним хоби туро офарӣда анд
То қомати баланди ту дар ҷилва омада аст
Мурғони қудс аз сар тӯбо парида анд
Аз хиҷлати рухи ту ки хӯндор лола аст
Гулҳо ба зери шҳпри мурғон хазида анд
Рухсор туаст лола бе доғи ин чаман
Ин лолаҳои боғи ҳамаи доғ дида анд
Дар рӯзгори чеҳраи шабнами фиреби ту
Гулҳои боғ рӯй тароват надида анд
Имрӯз дар қаламрави хорӣ кашон туаст
Онро ки Мисрён ба азизӣ харида анд
Соиб ба ҳасани табъи ту иқрор карда анд
Ҷамъӣ ки дар назокати маънӣ расида анд