Забони лоф расво мекунад ноқиси камолон ро

Ки рӯ бар хоки молади прФшонии бастаи болон ро

Чу натавонӣ шудани шерозаи ҷамъияти хотир

Мадаи заҳмат ба пурсиш зинҳор ошуфтаи ҳолон ро

Умеди ман ба хомӯшии яке даҳ гашт то дидам

Ки сомон медиҳад даст аз ишорат , кори лолон ро

Ҷаҳониро кунад озод аз ғам , як дил бе ғам

Ки бошад суҳбати девонаи идии хурдсолон ро

Чу оби зиндагии ҷони бахши шӯ дар пардаи шабҳо

Макун расво ба эҳсони чеҳраи пӯшидаи ҳолон ро

Мада аз даст чун Лайлии зимоми маҳмили тамкин

Маяфкан чун ҷараси дунболи худ беҳудаи нолон ро

Надорад захми дандони кор бо лабҳои хомӯшон

Ҷавоби талхи кас бар рӯ нагӯяд бесаволон ро

Ба айёми хати афкан аз накӯёни комҷўиӣ ро

Ки рӯй тоза мебошад самари нозуки ниҳолон ро

Ту аз андешаи фосид ба дому дади гирифторӣ

Прихонаҳаст варна кунҷи хилвати хуши хаёлон ро

Назарбозӣ ба Лайлии талъатон кайфиятӣ дорад

Ки маҷнӯн мекунад ҳайрони худ ваҳшии ғизолон ро

з ман доранд соиби шӯхи чашмони нуктаи пардозӣ

Сухангӯ мекунад маҷнӯни ман , чашми ғизолон ро