То соликон ба обила пое наме расанд

Сад сол агар раванд ба ҷое наме расанд

То илтиҷо ба нохун тадбир ме баранд

Ин уқдаҳо ба уқда гушойӣ наме расанд

Ин коҳҳо чунин ки муқайяд ба дона анд

Ҳаргиз ба васл коҳрбоиӣ наме расанд

Аз мавҷи изтироб агар пар бароваранд

Ин обҳои мурда ба ҷое наме расанд

Доранд то назар ба пурваболи хештан

Ин бесаодатон ба ҳумое наме расанд

То аз қабул нақш нигараданд содаи дил

Ин обгинаҳо ба ҷилое наме расанд

Воқиф намешаванд ки гум кардаанд роҳ

То роҳравон ба роҳнамоӣ наме расанд

Ҷамъӣ ки чун қалами паии гуфтор май раванд

Чун Тифли неи савор ба ҷое наме расанд

Чун не ба барги вбори ниФшондаҳи остин

Ушшоқи бенаво ба навое наме расанд

Бе ҳосилии нигар ки аз ин боғи пари шаҷар

Ин кўрботнон ба Асое наме расанд

Дод замини сӯхта мокҷо диҳанд

Ин абрҳо ба дод гёиӣ наме расанд

То соликон ба ишқ нигараданд ошно

Соиб ба нури ақл ба ҷое наме расанд