Онҷо ки шавқи дасти ҳимоят бадар кунад
Шабнам дар офтоби қиёмат сафар кунад
Қорун шавад зи лухти дили впораҳи ҷигар
Бар ҳар замин ки қофилаи мо гузар кунад
Анҷоми тухми сӯхтаи помол гаштан аст
Он дона нест дил ки сар аз хок барканд
Печидатар зҷўҳр теғаст роҳи ишқ
Хунаш ба гарданаст ки ин роҳ сараканд
Тӯтӣ агар ба чошнии ҳарф худ расад
Гардад даҳонаш талх чу ёд шукр кунад
Гаштем чун сабо ба саропои лолаи зор
Доғ наёфтем ки дилро хабар кунад
Чун омилӣ ки дили з дар хона ҷамъ кард
Ҳоҷии ситам ба халқи худо бештар кунад
Дар манзили нахусти дил хеш ме хӯрд
Чун роҳрав ба тӯшаи мардум сафар кунад
Дар хилват диласт тамошоӣ ҳар ду кун
Соиб чигуна сари зи гиребон бадар кунад