Ҳар ғофилӣ ки ханда ба овоз ме кунад
Чун Кебеки раҳнамое шаҳбоз ме кунад
Аз ҳасан бе мисоли ту ғофил фитода аст
Он содаи дил ки оина пардоз ме кунад
Ботил шавад агарчӣ ба эъҷози саҳарҳо
Дар саҳари чашми шӯхи ту эъҷоз ме кунад
Афсонаи гаронии хоб ту ме шавад
Пеши ту ҳаркии дрддл оғоз ме кунад
Равшандилии зи захм забон мешавад зиёд
Беҳудаи шамъи саркашӣ аз газ ме кунад
Дорад касе ки фикри иқомати дарин ҷаҳон
Дар раҳгузори сайли камар боз ме кунад
Даст навозиш аст муродаст ради халқ
Чун сози гӯшмоли маро соз ме кунад
Дар хӯни ҷилва мегулранг ме равад
Ҳаркас ки дар каду меШироз ме кунад
Афтодааст даври зи наздикии худо
Соиб касе ки зикр ба овоз ме кунад